Дар толори бошукуҳи “Крокус Сити Холл” - и шаҳри Москва фестивали байналмилмилаии хайриявии “Асои сефед” баргузор гардид. Дар ин чорабинии бушукуҳ Нилуфар Азизова, хонандаи синфи 10-и литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Бо садои дилпазир ва истеъдоди баланд дар байни 70 иштирокчӣ аз ИДМ ва Россия, ки нуқси босира доранд, муваффақ шуд. Дар давраи интихобӣ Нилуфар бо суруди «When You Believe» баромад намуд ва дили ташкилкунанда ва сарпарасти асосии фестивал, сарояндаи машҳури рус, Диана Гуртскаяро тасхир кард ва сазовори баҳои баланд гардид.
Дар рафти чорабинӣ Нилуфар бо ҳунарманди маъруфи Россия Алсу ҳунарнамоӣ карда, бо Юлия Паршута суруди машҳури “Чаки чаки борон”-ро суруд.
Фестивали байналмилаии хайриявии “Асои сафед” ҳамасола дар арафаи рӯзи умумҷаҳонии нобиноён 15-уми октябр баргузор мешавад.