20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилояти Хатлон дар 6 моҳи аввали соли 2023

 

3336667jhbp

Нишондиҳандаҳои кӯтомӯҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2023 ба 13 миллиард 867 миллион сомонӣ расидааст, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 зиёд мебошад. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 25,65 ташкил медиҳад. Дар ин бора Давлатали Саид, раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли равон 102,7 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 1127,0 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 29,2 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 152,5 милилон сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо 102,7% таъмин гардида, 944,2 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 25,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

- Дар давраи ҳисоботӣ бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 1миллиарду 855,8 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 528,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра ба соҳаи кишоварзӣ 555,9 миллион сомонӣ, саноат 80,9 миллион сомонӣ, сохтмон 55,4 миллион сомонӣ, нақлиёт 9,3 миллион сомонӣ ва боқи маблағҳои қарзӣ ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқ равона гардидааст.

Гардиши мол дар нимсолаи аввали соли 2023 ба 6 миллиард 250,4 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 116,9% ё инки 904,7 миллион сомонӣ зиёд аст, - изҳор дошт раиси вилояти Хатлон. - Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ 226,4 миллион доллари америкоиро ташкил дод, содироти мол ба 77,9 миллион доллар расида, ҳаҷми воридоти мол ба вилояти Хатлон бошад 148,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Бинобар иттилои Давлаталӣ Саид дар вилояти Хатлон 43 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 838,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят 50,1 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 45,6 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ ҳаҷми сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилояти Хатлон 1 миллиарду 544,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз ин 1 миллиард 474,5 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.

- Ба ҳолати 1 уми июни соли 2023 дар вилояти Хатлон 23965 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар ин давра музди миёнаи меҳнат ба 1483,69 сомонӣ баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли 2022 21,7% афзоиш ёфт.

Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 11 миллиарду 953 миллион 703,5 ҳазор сомониро ташкил дода аст. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба 106% баробар аст.

Дар идомаи суханронӣ раиси вилояти Хатлон афзуд,ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 788,4 миллион сомонӣ расида, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 474 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати коркард 52,% истихроҷи маъдан 3% истеҳсоли неруи барқ 44,5% ва хизматарсонии об 0,5% -ро ташкил медиҳад.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ вилояти Хатлон

 

 

:.  Хабарҳо 15.08.2023 08:20 265

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz