20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Саҳми бонувон дар рушди ноҳияи Носири Хусрав

 

19193333bhc

  Дар партави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, ки ба хотири баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид бобати тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодааст, сол аз сол дар ноҳияи Носири Хусрав шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон зиёд шуда истодааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО раиси ноҳияи Носири Хусрав Маҳмадаюб Шарифзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ айни замон роҳбарии якчанд соҳаҳои гуногуни ноҳия, аз ҷумла, шуъбаҳои фарҳанг, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Маркази алоқаи Почта, КИ ҲХДТ ва Кумаки аввалияи тибби санитарии ноҳия ва вазифаи муовини раиси ноҳияро бонувони лаёқатманд ба уҳда доранд. Ҳамзамон, шумораи бонувон дар ҳайати хизмати давлатӣ 10 нафар ё худ 22%-ро ташкил медиҳад. Дар умум 60 нафар бонувон дар вазифаҳои роҳбарии ноҳия кору фаъолият доранд.

- Шумораи бонувон дар соҳаи маориф 71 дарсадро ташкил дода, дар соҳаи тандурустӣ 55 % кормандону мутахассисон аз ҳисоби занону духтарони ихтисосманди соҳаи тибб мебошанд. Ҳузури бонувон дар ҳайати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав 13 нафар ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои деҳот 12 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилоъ аз шумораи умумии 46 ҳазору 398 нафар аҳолии ноҳияи Носири Хусрав 22 ҳазору 873 нафарро бонувон ташкил медиҳад, ки аз ин 13 385 нафар занони қобили меҳнат ба ҳисоб мераванд. Дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар ҳудуди ноҳия 553 сабти таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра 203 сабти никоҳ ва 26 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ сабт гардидааст.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, ноҳияи Носири Хусрав

:.  Хабарҳо 14.08.2023 09:20 246

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz