Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 адад субъектҳои нав таъсис дода шуд. Дар ин бора муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашурбой Солеҳзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 10 август баргузор гардид, иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки субъектҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат дар умум 85 ададро ташкил дода, сармоягузорӣ 49,4 млн. сомонӣ ва истеҳсоли маҳсулот 187,8 млн. сомониро дар бар мегирад. Дар ин замина 1409 ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳҳои январ – июни соли 2023 дар ҷумҳурӣ 490 корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуда, 2400 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд.