Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуридин Саид дар нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 26 июл баргузор шуд, ишора намуд, ки барои кормандони ин ниҳод ва зерсохторҳои он ду бинои баландошёна бо 144 манзилиҳои хизматӣ сохта ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла таъкид гардид, ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти МИҲД-и шаҳри Душанбе қитъаи замин дар масоҳати умумии 3,5 ҳазор метри мураббаъ барои сохтмон ҷудо гардиааст ва дар ин самт як қатор корҳои барасмиятдарорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ба иҷро расидаанд.