Дар “Кохи Суғдиён”-и шаҳри Хуанд дар доираи чорабиниҳои корвони “Модарони ваҳдатсаро”, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати умҳурии Тоикистон баргузор гардид, Конференсияи умҳуриявии “Бузургии модарон дар ваҳдат аст” баргузор шуд.
Муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ро ҷеъ ба солгарди ашни бузурги миллӣ - Иди ваҳдат, фазои сулҳу дӯстӣ, якдилию якдигарфаҳмӣ, садоқату рафоқат ибрози назар кард. Таъкид гардид, ки Ваҳдат санъати ватандорӣ аст. Он таҳкурсии боэътимодест, ки дар заминаи он рушди соҳаҳои гуногуни хоагии халқи кишвар, иқтисодиёт, маънавиёту фарҳанг ва ҳаёти мафкуравии омеа таъмин мегардад. Ҳадафи асосии Ваҳдат мустаҳкамкунии рукнҳои идоракунӣ, пайгирона татбиқ кардани Конститутсияи умҳурии Тоикистон дар бунёди Тоикистони дунявӣ, демократӣ ва ягона мебошад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода низ аз қиммату фазилатҳои неки Ваҳдат сухан ронда, таъкид намуд, ки ин рӯзҳо ба мо осон ба даст наомадааст. Ҳар яки моро зарур аст, ки аз меваҳои шаҳдбори Ваҳдати миллӣ ком ширин намоем ва барои мустаҳкам нигоҳ доштани он кӯшиши зиёд ба хар диҳем. Мавсуф оид ба дастовардҳое, ки занон дар солҳои Истиқлолияту Ваҳдат ба даст овардаанд, андешаҳои олиб баён кард.
Биҳоал Раҳимова, собиқадори меҳнат барои баргузории чунин чорабинии бонуфуз ва ҳамзамон ташкили Корвони “Модарони ваҳдатсаро” изҳори сипос намуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони тамоми минтақаҳои вилоят ба ҳам омада, аз ваҳдату ягонагӣ, оромию осоиштагии кишвар ҳарфҳои муҳаббатомез гуфтанд. Намояндагони вилоятҳои Бадахшону Хатлон, ноҳияҳои Рашту тобеи марказ аз дӯстиву рафоқат сухан ронда, таассуроти худро дар ин сафари чоррӯзаи худ баён намуда, даъват карданд, ки бинои боҳашамату азими ваҳдатро, ки дар кишвари мо бунёд гардидааст, ҳифз намоем ва онро чун гавҳараки чашм нигаҳ дорем.
Дар фар ҷом ба як қатор занҳои собиқадор, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати умҳурии Тоикистон тақдим карда шуд.
Гулаҳон МАХКАМОВА,
шаҳри Ху ҷанд