Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлтаии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии раванди татбиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030” ба кори худ оғоз намуд.
Чорабиниро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оғоз намуда, меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфт ва баргузории чорабиниро дар вилоят як фоли нек арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки курси раванди татбиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030” ҷиҳати тақвият бахшидан ба дониши сиёсӣ, иқтисодӣ, вазъи хизматрасонии электронӣ дар иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани маърифати занон оид ба солимии репродуктивӣ ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба саломатӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати љумҳурї Ҳилолбӣ Қурбонзода изҳор кард, ки дар доираи чорабиниҳои корвони “Модарони ваҳдатсаро” кумита тасмим гирифтааст, ки боз чанд чорабиниҳоро дар ин самт ба роҳ монад, ки яке аз онҳо курси раванди татбиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030” мебошад. Имрӯз занҳои кишвар пайваста заҳмат мекашанд, меҳнат мекунанд ва дар идоракунӣ, пешбурди давлат саҳми назарраси худро мегузоранд. Курси имрӯзаи мо баҳри занону духтароне, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият мебаранд, ба роҳ монда шудааст.
Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода афзуд, ки аз ин курси омӯзишӣ, аз донишу малакаи устодони ботаҷриба, ки тӯли чаҳор рӯз нозукиҳои соҳаро меомӯзанд, самаранок истифода бурда, дар пешбурди давлат ҳиссаи сазовор гузоранд.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар курси омӯзишӣ мавзӯъҳои хеле муҳим ва ҷолиб роҳандозӣ гардида, шунавандагон имкон пайдо намуданд, ки оид ба сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди татбиқи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, коргузорӣ дар мақомотҳои давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, пешгирии стресс дар фаъолияти идоракунӣ, мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои меъёрию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, маҳорати суханварии зан-роҳбар ва дигар мавзӯъҳои ҷолибе буданд, ки дар пешбурди кор ба ҳар як хизматчии давлатӣ басо муҳим аст. Курси махсус тӯли чор рӯз аз 11 то 14-уми июл давом хоҳад кард.
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
шаҳри Хуҷанд