Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими сулҳу субот, дӯстиву ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва оромии кишвар корвони “Модарони ваҳдатсаро” вориди вилояти Суғд гардиданд.
Ҳамзамон, бояд иброз дошт, ки дар корвони “Модарони ваҳдатсаро” бонувони фаъол аз минтақаҳои Рашту Хатлон, Бадахшону шаҳри Душанбе бо сарварии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, занону бонувони фаъоли ҷомеа, мутахассисони соҳаи кор бо занон ва оила, намояндагони дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба ҳам омаданд.
Шаст нафар модарони ваҳдатсаро тасмим гирифтанд, ки аз тамоми 18 шаҳру навоҳии вилоят, 70 ҷамоати шаҳраку деҳот ва 40 адад қисми низомӣ дидан намуда, бо ҳаёту фаъолият, зисту зиндагии мардуми ин сарзамин огоҳ гарданд.
Онҳо мулоқоту вохӯрии худро аз ноҳияи Айнӣ оғоз карданд. Корвони “Модарони ваҳдатсаро”-ро мардуми ноҳияи Айнӣ бо хушнудии зиёд, бо гулу гулдаста, нону намак ва бо меҳру муҳаббати хоса истиқбол намуданд.
Воқеан, пас аз маросими расмии чорабинӣ вохӯрии меҳмонон бо фаъолзанони Ҷамоати деҳоти Айнӣ баргузор гардида, онҳо аз зиёратгоҳи Нақибхони Туғрал, ки дар Ҷамоати деҳоти Рарз воқеъ гардида буд, дидан намуданд. Бояд изҳор дошт, ки корвони “Модарони ваҳдатсаро” дар панҷ гурӯҳ ба 18 шаҳру навоҳии вилоят тақсим шуда, аз дастовардҳои ноҳия дидан намуда, бо фаъолзанон вохӯриҳои судманд доир карданд.
Айни замон онҳо аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Конибодом, Исфара, Истиқлол, Истаравшан, Гулистон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Мастчоҳ боздид ба амал оварданд. Дар ноҳияҳои дигар низ то санаи 13-ум вохӯриҳо баргузор гардида, рӯзи ҷамъбасти сафари корвони “Модарони ваҳдатсаро” санаи 14-ум дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.
Ҳадаф аз баргузории корвони “Модарони ваҳдатсаро” пеш аз ҳама, таҳкими пояҳои дӯстӣ, сулҳу амонӣ, оромӣ, муттаҳидии халқ, якдиливу якмаромӣ аст. Маҳз ташкили чунин чорабиниҳо мардумро бо ҳам наздиктар месозад ва дар ҳамбастагӣ баҳри пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби зиндагӣ - пошхӯрии оилаҳо, хурофот ва терроризму экстремизм мусоидат хоҳад кард.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Хуҷанд