Бо мақсади арҷгузорӣ ба бузургтарин дастоварди миллату давлат- Истиқлолу Ваҳдат таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон санаи 10 июн сафари корвони Модарони ваҳдатсаро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.
Занону бонувони фаъоли ҷомеа, мутахассисони соҳаи кор бо занон ва оила, намояндагони дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ифтихору эҳтиром ба сулҳу субот, амнияти миллӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин корвон бо мақсади таҳкими пояҳои сулҳу оромӣ, якдиливу якмаромӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар масъалаҳои муҳим дар 70 ҷамоати деҳот, 34 қисмҳои сарҳадию низомии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбату вохуриҳо доир менамоянд.
Ин ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд соли охир идома дорад, барои боз ҳам беҳтар гардидани маърифатии сиёсии ҷомеа, арҷгузорӣ ба сулҳу осоиштагии кишвар ва ҳамдилии ҳамватанон заминаи мусоид мегузорад.