Санаи 5 июл дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло баргузор гардид. Соли 2023 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 338 нафар бо дипломи аъло ва интизоми намунавӣ хатм намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 39 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар оғози чорабинӣ Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисоди мамлакат саҳми арзанда дорад.
Дар идомаи чорабинӣ хатмкунандагони факултетҳои тиббию фарматсевтӣ чун анъанаи неки соҳаи тиб савганди садоқат ёд намуданд.
Таҳти мусиқии рамзӣ намунаи дипломи аъло ба саҳна ворид гардид ва Ректори донишгоҳ ба хатмкунандагон димломҳои сурхро супорид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 299 нафар бо дипломи аъло хатм намуда буданд.