Санаи 20 уми июн дар бинои Шарқи Озод мулоқоти намояндагони Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон бо кормандони ВАО баргузор гардид. Дар нишаст оид ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори ФВСТ аз 23 то 25-уми июн дар мавзеъи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ, байни кормандони васоити ахбори омма барои дарёфти “Ҷоми ФВСТ” баргузор мешавад, иттилоъ дода шуд.
Дар нишаст Раиси ФВСТ Бобомурод Мирзоев, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ва дигар намояндагони соҳа ба саволҳои журналистон оид ба мусобиқаи мазкур посухҳо доданд.
Мақсади асосии ташкили ин чорабинӣ оммавигардонии варзиши сайёҳӣ ва тарзи ҳаёти солим, вусъат додани алоқаи варзишии аҳолӣ, баланд бардоштани маҳорати варзиши сайёҳии кормандони соҳаи ВАО мебошад. Мусобиқаро Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, сардоварии он ба зиммаи ФВСТ вогузор шудааст.