Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 26 то 30 июн дар пойтахт таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон баргузор карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов иброз дошт, фестивали мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигарӣ, табодули иттилоъ ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, театр ва ансамблҳои кӯдакона ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас доир карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, фестивал соли сеюм аст, ки таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доир мегардад.
«Дар назар аст, ки дар доираи Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва Намоиши дуюми байналмилалии мусаввирони наврас баргузор карда шуда, инчунин барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ ташкил ва гузаронида шаванд», -гуфт директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе.
Иброз гардид, ки барои иштирок дар фестивал ҳайатҳо аз давлатҳои хориҷа ва аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кӯдакону наврасони 12 – 16 сола – хонандагони эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, узви ансамблҳои бачагона, марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва мактабҳои санъату мусиқӣ, ки дорои ҳунару истеъдоди навозандагӣ, рақс, сарояндагӣ ва рассомӣ мебошанд, ҷалб карда мешаванд.