Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини раиси Кумитаи марказии ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон Саодат Сироҷзода ва дигарон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти ҳамоиш оид ба арзишҳои оилаву оиладорӣ, масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, меҳру муҳаббат ва самимияту садоқат дар хонадон, эҳтироми падару модар ва гиромидошти ин ниҳоди муқаддаси ҷомеа таъкид карда шуд.
Дар рафти ҳамоиш ба навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд ҷиҳозҳои арӯсӣ тақдим гардида, ба кӯдакони хурдсол шаҳодатномаҳои таваллуд супурда шуд.