Дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе 12-уми майи соли ҷорӣ маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” баргузор гардид, иттилоъ медињад КВД БА ҶТ «Амонатбонк».
Озмуни мазкур бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор “Кадбону” ва бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон барои занону бонувоне, ки дар ташкилотҳои қарзии кишвар фаъолият менамоянд, ташкил ва баргузор карда шуд.
Ғолибон аз рӯи чанд номина барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва ғайра интихоб карда шуданд.
Бонувони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Раҳимзода Шаҳло дар номинатсияи “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда” ва Ғаниева Ҳусния дар номинатсияи “Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ” ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.
Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занону бонувони кишвар ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба касби хеш мусоидат менамояд.