12 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Оилаи солим кафолати фардои босаодат аст” баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонону иштирокчиён дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои насли наврасу ҷавони шаҳри Бохтар, иштирок намуда, оид ба рушди ҳунар ва омӯзиши санъати зебои ниёгонамон ба наслҳои оянда бо ҳунармандони ҷавон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Баъдан, маросими расмии бахшида ба Рӯзи оила оғоз гардид. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ифтитоҳ бахшида, меҳмонону иштирокчиён ва ҳамчунин, кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи оила табрику муборакбод намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Мавсуф иброз дошт, ки оила муҳимтарин ниҳоди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад ва дар заминаи муҳаббату вафодорӣ ва эътимоду садоқати зану мард бунёд гардида, онҳо бо ҳамдигарфаҳмиву боварӣ ба якдигар дар пешбурди зиндагӣ ва амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои муштарак саҳми баробар доранд. Бо шарофати бунёди ҳамин гуна оилаҳои солим инсон дар зиндагӣ хушбахту саодатёр буда, дар муҳити солиму осоишта фарзандони солеҳу ватандӯстро ба воя мерасонад.
Маҳз наслҳои хонаводаҳои бофарҳангу маданӣ, ки ба тарбияи фарзанд дар руҳияи арзишҳои муқаддас муваффақ гардидаанд, дар оянда ба халқу меҳани худ хизмати арзанда хоҳанд намуд, - мегӯяд Саидзода Ҷамшед.
Бо дарназардошти нақши оила дар рушди ҷомеа ва давлат Роҳбарияти Олии мамлакат бунёди оилаву ҷомеаи солимро аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўз дониста, барои ба илму ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон иқдомҳои муҳимро роҳандозӣ менамоянд.
Дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи оила ҳамчунин Наргис Муқимзода, мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, доир ба мафҳуми оилаву оиладорӣ ибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 1994 инҷониб, ҳамасола, санаи 15 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси инсонӣ ба хотири рушди оила таъмини баробарҳуқуқии зану мард ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тадбирҳои муҳиму созандаро амалӣ намуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки бо дарназардошти равандҳои замони муосир ва тақозои ташаккули ҷомеаи солим ва дар асоси хусусиятҳои оиладории миллии тоҷикон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милл, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи “Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардид. Ҳамчунин, давоми солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат – таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст. Зеро пойдориву устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад.
Дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи оила як зумра оилаҳои намунавии шаҳри Бохтар бо туҳфаҳои молиявӣ ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Баъдан, дар вазъияти тантанавӣ ба як ҷуфт навхонадорон ва ду нафар тифли навзод туҳфаҳои молиявӣ, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аҳли ҳунари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири меҳмонону иштирокчиёнро болида гардониданд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер ШАРИФОВ,
шаҳри Бохтар