11-уми майи соли равон дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар зери унвони «Оила -макони камолоти маънавии инсон» баргузор шуд.
Чорабинӣ ба Рӯзи байналмилалии оила бахшида шуда, дар он намояндагони ниҳодҳои гуногуни зидахли мамлакат - Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", Гулҷаҳон Қосимзода, сармутахассиси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоқикистон, Суруш Низомӣ- нозири раёсати муомилоти маводи нашъаовари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Орипова - намояндаи Маркази миллии солимии репродуктивӣ ва дигарон ширкат варзиданд.