Дар Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" ба ифтихори 145 солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони халқи Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, ки дар ноҳияи Хуросон баргузор гардид, адибон, китобдорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории ин Фестивал-озмун арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои милливу умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зебопарастӣ ҳисси ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши китоб ва дастовардҳои китобхонаҳо аз ҷумла, китобхонаи бачагонаи ноҳия дидан намуданд.
Тавре иштирокчиёни Фестивали мазкур изҳор доштанд ташкилу баргузории ин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ дар муаррифии китобҳои тозанашр, фароҳам овардани имконияти дидору суҳбатҳои хотирмон адибон бо хонандагон, беҳдошти шароити китобхонаҳои бачагона ва тарғиби китобу китобхонӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон, Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи макомоти ичроияи хокимияти давлатй ба рушди соҳаи китобдорӣ, роҳу воситаҳои боз ҳам муассиру замонавӣ тарғиб намудани китоб ва дигар маводи иттилоотӣ мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки мутолиаи китоб ба баланд бардоштани маърифатнокӣ, ҳисси инфтихор аз забону миллати хеш, тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ нақши муассир дорад. Илова бар ин, мутолиаи асарҳои бадеӣ насли наврасро ба бунёдкориву созандагӣ роҳнамоӣ дошта, дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдории давлати тозабунёди Тоҷикистон нақши муассир мебозад.
Тавре Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иброз дошт, баргузории ин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи аҳли чомеа, бахусус падару модарон, омузгорону мураббиён, олимону адибон, китобдоронро ба масоили вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ ва зиёд шудани теъдоди адабиёти бадеии бачагона ҷалб менамояд.
Тибқи иттилои манбаъ Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрези соли 2021 ба роҳ монда шуда, ҳамасола бо иштироки доираи васеи шоирону адибон ва дӯстдорони китобҳои бадеӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ, вилояти Хатлон