Санаи 5-уми апрели соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Фестивал - озмуни “Сад ранги чакан” баргузори гардид, ки дар он ҳунармандону тарроҳони номвар, намояндагони соҳаҳои гуногуни ноҳия, занону духтарон ва дӯстдорони ҳунару фарҳанги миллии тоҷикӣ ширкат варзиданд.
Зимни боздиди аъзои ҳакамон аз намоиши дастовардҳои ҳунарии пешаварони ноҳия зикр гардид, ки Фестивал - озмуни “Сад ранги чакан” дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, таҳти рақами АП318 "Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмун, анъанаю ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар вилояти Хатлон барои соли 2023" ба роҳ монда шуда, мақсад аз он тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ, муаррифии тарҳҳои навгунаи сарлибоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати ҳунарҳои аҷдодӣ аз қабили нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ арзёбӣ мегардад. Маврид ба ёдоварист, ки чакандӯзӣ аз ҳунарҳои бостонии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, аз насл ба насл ба мо мерос мондааст.
Бинобар маълумотҳои мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Фахриддин Давлатов, даври ноҳиявии Фестивал- озмуни “Сад ранги чакан” аз номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, муаррифии либосҳои рӯзмара ва сару либоси маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва дигар навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ иборат буд.
Ба гуфтаи мавсуф ҳадаф аз баргузории Фестивали “Сад ранги чакан” баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиу хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоҳои гуногуни миллӣ мебошад.
Зикр гардид, ки баргузории чунин озмунҳо имконият медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзи, тоқидӯзи ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ мардум қарор дода шавад. Тибқи иттилои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Фестивал “Сад ранги чакан” дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят идома дошта, беҳтаринҳо ба давраҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ роҳхат хоҳанд гирифт.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ, ноҳияи А. Ҷомӣ