Имрӯз дар Муассисаи давлатии Тоҷикфилм кастинг - интихоби ҳунармандон барои филми таърихии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" дар ду марҳила сурат мегирад. Интихоби ҳунармандон ва аксбардорон аз 1-ум то 20-уми апрел идома хоҳад ёфт. Ҳамарӯза то 15 нафар хоҳишмандон метавонанд ширкат варзанд. Баъди анҷоми кастинг наворбардории филм дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистан оғоз хоҳад шуд. Эҳтимол аст, ки баъзе қисматҳои филм дар Эрон ва Туркия наворбардорӣ шавад. Коргардонии филмро аз ҷониби Тоҷикистон Файзулло Файзов бар дўш дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июни соли 2021 анҷом дода шуд, сарони давлатҳо барои банаворгирии филм, яъне муаррифии дӯстии байни халқҳо, аз ҷумла дӯстӣ байни Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба мувофиқа расиданд.
Муҳтавои асосии филми ҳунариву таърихии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ", муҳаббат ва дӯстии миллати тоҷику ӯзбекро дар мисоли ду чеҳраи адабӣ - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ таҷассум менамояд.