Бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд баргузор мегардад, имрӯз бонувони саршиноси кишвар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзодава дигар аҳли зиёӣ ҷумҳурӣба шаҳри Хуҷанди бостонӣ ташриф оварданд. Сафари бонувон аз гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи «Дуои модар» -и Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.