Ба муносибати 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми марти соли ҷорӣ дар КТН «Шарқи озод» маросими рӯнамоии китоби дувуми «Народная газета о Народном Президенте» дар ду ҷилд, ки аз ҷониби нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” таҳия шудааст, баргузор гардид.
Китоби дувуми “Народная газета о Народном Президенте» идомаи китоби аввал буда, ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ки дар он паёмҳо, суханрониву баромадҳо, мусоҳибаву муроҷиатҳо бо тартиби муайяни сафарҳои корӣ ва расмии Сарвари давлат, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи «Народная газета» ва китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” аз соли 1992 то 1999 ба табъ расидаанд, гирд оварда шудаанд.
Китобҳои “Народная газета о Народном Президенте» барои доираи васеи хонандагон, донишҷӯён, аспирантон, сиёсатшиносон ва онҳое, ки оид ба таърихи чӣ гуна ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудаанд.
Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанги мамлакат Давлат Сафар, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Зарина Абдулмаинзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳо ба номи С. Улуғзода Жило Гулназарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ва сармуҳаррирони нашрияҳои расмиву хусусӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти рӯзномаи “Народная газета” ба кормандони фаъоли нашрия ифтихорномаҳо тақдим гардид.