Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони "Зан ва замон" мизи мудаввар таҳти раёсати Раиси Кумита Ҳилолбӣ Қурбонзода бо иштироки муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоинбодов, муовини Раиси Академияи васоити ахбори омма Ақназар Каримзода ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Кумита меҳмонон ва иштирокчиёни мизи мудавварро бо ҷашнҳои фархундаи Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҳният гуфта, қайд намуд, ки таҷлил намудани ҷашнвораҳои сиёсию миллӣ дар сатҳи давлату ҳукумат, аз ҷумла Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик арҷгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадру манзалати Зан-Модар, аҳли қалам ва эҷод мебошад. Имрӯз, ки фазои иттилоотӣ домани фарохро паҳн намудааст, дар ин раванд қаламкашон ҳамчун афсарони иттилоотӣ мавқеи хоса доранд. Нашри муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навгониҳои тамоми соҳаҳо маҳз бо кӯшишу заҳматҳои рӯзноманигорон ба ҷомеа пешниҳод мегардад.
Зикр гардид, ки саҳми занону бонувоне, ки роҳбарии васоити ахбори оммаро бар дӯш доранд, хеле назаррас буда, дар рушди соҳа нақши арзанда мегузоранд. Дар идомаи чорабинӣ иддае аз рӯзноманигорони соҳаи телевизиону радио ва матбуоти даврӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд.