Ба ифтихори Рӯзи модар дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он фаъолзанони касбу кори гуногун, меҳтарони меҳнат ва собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ ва зиёиёну дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд.
Маросими идона бахшида ба Рӯзи модарро бо сухани табрикотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, аз нақши зан-Модар дар рушди ҷомеа ва ободониву пешрафти кишварамон дар солҳои Истиқлоли Тоҷикистон ёдовар гардид. Мавсуф иброз дошт, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарон мебошад, ҳамчун неруи бузургу созанда дар ободии кишвар, камолоти маънавии фарзандон ва дар ниҳоди онҳо парвариши эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ саҳми ниҳоят муҳим мебозанд.
Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки таҷлили Рӯзи модар дар оғози фасли зебои сол, баҳори некпай ҳамчун рамзи сарсабзӣ, садоқату муҳаббат ба зиндагӣ, ободиву осудагӣ ва равшангари ҳаёти осоишта арзёбӣ гардида, аз бузургии занону модарон башорат медиҳад. Зеро дунёи зан-модар баҳористони гулафшони зиндагӣ буда, модар чароғи хонадон ва меҳвари пешбарандаи ҳаёти инсон мебошад.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо бонувони вилояти Хатлон бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ дар ҳама соҳаҳои ҷомеа ва давлат фаъолият дошта, бо ташаббусҳои созандаи худ баҳри ободониву пешрафти ватани азизамон талошу заҳмат мекашанд.
- Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар партави ғамхориҳои Сарвари давлат мақому манзалати занону модарон ҳамчун офарандагони зиндагӣ, тарбиятгарони наслҳо ва неруи муқтадири пешбарандаи ҷомеа хеле устувор гардид. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти хизматҳои арзандаи занону бонувон таъкид намуданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
- Бо дарназардошти нақшу саҳми беназири бонувон дар рушди ҷомеа ва давлат имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихор ҳар яки мо мебошад.
Давлаталӣ Саид дар идомаи суханронӣ ҳамчунон аз иштироки фаъоли духтарону бонувони хатлонӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” ёдовар гардид, ки шоҳҷоиза ва мақомҳои баланди ифтихориро аз худ карданд. Таъкид гардид, ки бонувони вилояти Хатлон дар баробари рисолати муҳими бар зимма доштаашон ҳамчунин дар амалишавии қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирӣ аз бекоршавии ақди никоҳи нав-хонадорон ва зарурати устувории оила нақши муассир доранд.
Дар ҳамоиш қайд гардид, ки дар самти дастгирӣ ва таъмини зиндагии шоистаи занон давоми 5 соли охир 105 лоиҳаи пешниҳоднамудаи бонувони соҳибкор оид ба рушди соҳибкорӣ, хоҷагидорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси гармхонаҳо барои парвариши лимӯ ва сабзавоткорӣ, ташкили коргоҳҳои адрасбофӣ, чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағи як миллиону 250 ҳазор сомонӣ грантҳои раиси вилояти Хатлон дастгирӣ ёфта, ин ташаббусу ғамхориҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Дар идомаи ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи модар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор фаъолзанони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва ҷавондухтарону бонувоне, ки дар мақомоти гуногуни давлатӣ фаъолияти назаррас доранд, Сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар ин рӯз кормандони Раёсати фарҳанги вилоят ва ҳунармандони маъруфи вилоят ва кишварамон барномаи идонаи омоданамудаи худро пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардониданд.
Баъди маросими идона иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба айёдати якчанд нафар аз собиқадори меҳнат, бонувони фаъоли вилоят, ки солиён дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ содиқона хизмат намудаанд, рафта, ба меҳтарони вилоят туҳфаҳои идона тақдим намуд. Зимни суҳбати самимӣ собиқадорон аз атваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбати онҳо изҳори сипосгузорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ дар тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФФОВ, шаҳри Бохтар