“Ҳамду сано ба Модар -фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯи замин.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон, дар арафаи Рӯзи Модар ба аёдати модари рӯзгордида ва шинохтаи миллат Гавҳарби Пиракова, рафтанд.
Зимни суҳбат роҳбарияти Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон" изҳор доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Зан- Модар меҳр ва таваҷҷуҳи хосса дошта, иброз менамоянд, ки «имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳару ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асилро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Ҳамчунин дар ин рӯз масъулини Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон, ба аёдати Гулчеҳра Содиқова яке аз фалаксароёни номвари тоҷик низ рафтанд.
Дар идомаи хабаргири аз рӯзгори модарони собиқадор ҳамчунин ташаббускорон меҳмони хонадони шоираи Ваҳдатсаро, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хосият Вализода, рафтанд.
Зимни суҳбати самими шоираи маъруфи Тоҷикистон Хосият Вализода, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба меҳтарон бахусус бонувони собиқадори кишвар изҳори сипосгузорӣ намуда, иброз дошт, ки ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар модарони рӯзгордида дар тарбияи насли ояндаи миллат саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
ҶАМОЛИДДИН Сайфиддин, ДАЛЕР Шарифов