Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 23 – юми феврал дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Аксияи тозаги муҳит баргузор гардид, ки дар он сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ баромада, дар кӯчаву хиёбонҳо ва шафати шоҳроҳҳо як миқдор дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида истодаанд.
Дар доираи аксияи мазкур имрӯз шуруъ аз ҳудуди ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳуну Панҷ сокинони касбу кори гуногун дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ саҳми худро гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва дигар корҳои ободониву тозагии муҳити зист аз ташаббусҳои наҷибест, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба ҳукми анъана даромада, мардум ба ин васила деҳу рустоҳо ва шафати роҳҳои мошингардро тоза сарсабз менамоянд. Аз ҷумла, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ва омодагӣ ба фасли баҳор, мавсими кишту кор ва Иди модарон, бо дастури раиси вилояти Хатлон Аксияи ободониву ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин рӯз дар баробари дигар сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон инчунин фаъолзанони ноҳияи Ҷайҳун низ ба маъракаи кабудизоркунӣ ҳамроҳ шуда, дар мавзеъҳои фарҳангиву шафати шоҳроҳи Душанбе