16- уми феврали соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 30- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба яке аз қисмҳои низомии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатиии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданд.
Ҳайати меҳмонон ба ин қисми низомӣ маводи хӯрока аз қабили орду равған, шакару биринҷ, картошаю пиёз, либоси гарми зимистона ва ҳамчунин, маҷалаю рӯзномаҳо ва асарҳои тозанашр дастрас намуданд. Дар ин рӯз меҳмонон аз шароити хизмат, будубоши афсарону сарбозон шинос шуда, зимни суҳбату вохурӣ бо сарбозон иброз доштанд, ки таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар гардидани шароити ҷузъу томҳо равона гардидааст.
Дар вохурӣ таърихшинос Ҷонибеки Асрориён оид ба таърихи халқи тоҷик ва роҳи пурпечутоби аҷдодони мо дар масири давлатдорӣ, ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат Куруши Кабир, Спитамен Бобаку Темурмалик ва дигарон дар ҳифзу пойдории халқу Ватан ибрози андеша намуд.
Дар идомаи чорабинӣ бо ҳомиёни Ватан Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон, муҳофизони марзу буми кишварро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мулассаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак гуфта, барои садоқату вафодориашон дар муҳофизати марзу буми Тоҷикистони изҳори миннаторӣ намуд.
Ба гуфтаи сардабири Маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сарбозону афсарони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, азнавсозии дидбонгоҳо ва муҷаҳҳазгардонии баззаи моддиву техникии қисмҳои ҳарбӣ ва дигар иқдомҳо дар ин самт ҳомиёни Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои рисолати муқаддаси бар зиммадоштаашон масъулияти бештар эҳсос карда, амнияту осоиштагиро дар минтақаҳои сарҳадӣ таъмин намоянд.
Зимни суҳбатҳои самимӣ хизматчиёни қисми низомӣ аз дидорбинӣ бо аҳли эҷодии Муассисаи давлатии маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, модарони меҳрубон, аҳли адаб ва роҳбарияти қушунҳои сарҳадӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ташкили чунин вохуриҳои хотирмон бо модарон ва аҳли зиё, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ба хизматчиёни ҳарбӣ неруву илҳоми тоза мебахшад. Ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти мамлакат ва зиёиёну аҳли ҷомеа нисбат ба афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ҷавонмардони шуҷои Ватан назди худ мақсад гузоштаанд, ки хизмати Модар-Ватанро бо сари баланд адо намуда, минбаъд низ дар рушду нумӯи Тоҷикистони