13 феврал Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ зимни нишастии хабарии ин ниҳод иброз намуд, ки соли 2022 бо мақсади дастгирии ташаббусҳои занон ва ҷавонон ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ 1,9 ҳазор зан ба маблағи 6,1 млн. сомонӣ ва ба 1,2 ҳазор ҷавон 4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ҳамчунин, ҷиҳати эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 906 нафар ба маблағи 3 млн. сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардидааст.
Қайд гардид, ки соли сипаришуда ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3,4 ҳазор нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта муроҷиат намудаанд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 1,4 ҳазор нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 340 нафар ба тайёрии касбӣ, 175 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ҳамчунин ба 100 нафар қарзи имтиёзнок барои соҳибкории инфиродӣ дода шуда, 1,5 ҳазор нафар машварати касбӣ гирифта, маҷмуан ба 3,4 ҳазор нафар хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуд.
Дар маҷмуъ, соли 2022 дар ҷумҳурӣ беш аз 74,5 ҳазор шаҳрванди бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.