Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, нишасти матбуотии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб барои ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2022 ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуд. Назарзода Бахтиёр зимни суханронии хеш доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву ичтимоии шаҳр иттилоъ дода, иброз дошт, ки соли гузашта барои сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб соли таърихӣ ва хотирмон буд.
Бахусус дар ин давра зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншоотҳо, аз қабили Коллеҷи технологияи инноватсионию иттилоотӣғкоммуникатсионӣ, филиали муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ”, Муассисаи таълимии №47, коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ, бинои Кумитаи идораи замини шаҳр ифтитоҳ гардид. Аз ҷумла, зимни ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат ба сад нафар ятимони кулл зиёфат ва туҳфаҳои арзишманд дода шуд.
Дар доираи ин сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб вохӯрии Сарвари давлат бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони меҳнат доир гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардид.
Бахтиёр Назарзода зимни баромади хеш ҳамчунин изҳор дошт, рӯйдоди дигари хотирмон ин 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» мебошад, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
- Дар соли 2022 нақшаи андозҳои давлатии шаҳри Кӯлоб 116,0 фоиз иҷро ва ба буҷет 127,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 17,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо якҷоя бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 140 млн. 691 ҳазор сомонӣ, 158 млн. 960 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нишондиҳанда аз нақша 18 миллион 268 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Бо назардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии бо суръати мамлакат соли 2022 тибқи қарори раиси шаҳр “Соли рушди саноат ва роҳҳои обод” эълон, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар соли 2022 дар ин самт чораҳои дахлдор амалӣ карда