8 феврали соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ба саволҳои хабарнигорн ҷавоб гуфт.
Яке аз дастовардҳои муҳими соли 2022 тарҷумаи ҷилди аввали асари безаволи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат - ҳастии миллат” аз ҷониби ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ буда, дар ин замина раёсати донишгоҳ ҳайати тарҷумонони китобро бо ифтихорномаву мукофотпулӣ ҳавасманд гардондаанд.
Дастоварди дигар дар самти робитаҳои байналмилалӣ таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ ва иштироки муҳассилин дар озмунҳои илмию фарҳангӣ буда, дар ин давра 505 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯйи ихтисосҳои мавҷуда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар ин давра 5 нафар шунаванда, аз ҷумла, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Филиппин, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 3 нафар шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ дар донишгоҳ ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд.