Дар соли 2022 аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисто «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 89 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 78 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, ба андозаи 68 ҳазору 023 сомонӣ ҷарима таъин ва аз ин маблағ 62 ҳазору 254 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд, - гуфт Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки дар рафти санҷишҳо пеш аз ҷаримабандӣ шудани ҳуқуқвайронкунандагон огаҳӣ дошда мешавад, ё хатои ошкоршуда ислоҳ карда мешавад. Дар сурати дуюмбора риоя нашудани талаботи қонуни мазкур ҷарима татбиқ мегардад.