Соли 2022 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ амали иҷозатномаи 15 муассисаи таълимӣ, ки ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқат намекарданд, тибқи дархости муассисон дар асоси ҷаласаи ҳайати мушовара бозхонд ва қатъ карда шуданд. Дар ин хусус Икром Субҳонзода, директори Агентии мазкур санаи 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар соли 2022 дар асоси муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба 113 маркази таълимӣ иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шуд, ки аз он 52 маркази таълимӣ ва ташкилоту ҷамъиятҳои ронандатайёркунӣ, 54 марказҳои таълимии забономўзӣ (забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, хитойӣ ва ѓайра) ва 7 маркази таълимии касбомўзӣ мебошанд.