Давоми соли 2022 дар вилояти Хатлон 20 ҳазору 489 сабти муқаррар намудани падарӣ ба қайд гиирфта шудааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 1682 ҳолат зиёд мебошад. Ин омори расмӣ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар вақти таваллуди ин теъдод атфол волидони онҳо дар ақди никоҳи расмӣ нестанд.
Тавре, ки мутахассисони соҳа иброз медоранд ба омори муқаррар намудани падарӣ ҳолатҳое сабт мешаванд, ки дар вақти таваллуди кӯдак зану шавҳар никоҳи расмӣ накардаанд ё ин ки тифл баъди поошхӯрии оила таваллуд шудааст. Ҳамзамон, таҳти мафҳуми муқаррар намудани падарӣ ба таваллуди тифлоне марбут аст, ки модарони онҳо ҳамсари дуввум мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи сабти асноди шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар як соли гузашта дар вилояти Хатлон 3 ҳазору 607 ҳолати бекор намудани ақди никоҳ ба қайд гиирфта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 -ум 280 ҳолат зиёд мебошад.
Ба гуфтаи манбаъ аз шумораи умумии илаҳои пошхӯрда 2 ҳазору 981 ҳолат бо ҳалномаи судо ақди никоҳи худро бекор кардаанд. Мавриди зикр аст, ки дар ин муддат кормандони САҲШ дар вилояти Хатлон тариқи суҳбату вохуриҳо аз пошхӯрии 340 оилаи дар ҳолати баҳсу мунозираро пешгирӣ намудаанд.
Тибқи иттилоъ аз ҳисоби 3607 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 4 ҳазору 32 кӯдак ятим мондаанд. Ки аз ин шумора 3 ҳазору 938 нафар тифл дар тарбияи модар ва 94 кӯдак дар тарбияи падар мондаанд.
Зикр гардид, ки дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 25 ҳазору 396 ақди никоҳ баста шудааст. Омори таваллуд дар ин давра ба 88 ҳазору 139 нафар мерасад. Ки дар қиёс ба соли 2021 8001 нафар зиёд аст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, вилояти Хатлон