2-юми феврал зимни нишасти матбуотӣ Раҳим Саидзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки соли 2022 музди меҳнати 10 ҳазору 256 омӯзгори ҷавони кишвар 10 фоиз зам гардид. Ҳамчунин омӯзгорони мамлакат тибқи моддаи 353-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замини наздиҳавлигӣ озод карда шудаанд. Ҳамчунин соли 2022 318 нафар омӯзгорони мамлакат аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ истифода намудаанд.
Мавсуф қайд кард, ки аз моҳи майи соли 2006 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» қабул гардид. Тибқи ин қонун аз 1 январи соли 2007 давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаклҳои гуногун фаъолият менамоянд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
— бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил;
— ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор ҷудо кардани замин;
– додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои ширдеҳ, ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 126 ҳазору 354 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки аз ин 81 ҳазору 822 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.