Давоми соли 2022 ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1191 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муроҷиат намудаанд, ки 362 муроҷиат хаттӣ, 825 муроҷиат шифоҳӣ, 1 адад электронӣ ва 3 муроҷиат телефонӣ сурат гирифтаанд. Дар ин бора Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ санаи 2 феврали соли равон зимни нишасти хабарии ниҳоди мазкур иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки аз 1191 муроҷиати шаҳвандон 60 адади он ба таври мусбӣ ҳал гардида, муроҷиатҳои боқимонда ба ниҳодҳои дахлдор равона шудаанд. Муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон бештар ба масъалаи пайдо намудани ҳуқуқ ба манзил буда, муроҷиати хаттӣ 22 адад ва муроҷиати шифоҳӣ 19 ададро дар бар мегиранд.