Санаи 1 феврал нишасти матбуотӣ дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид. Ба саволҳои хабарнигорон ректори донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ ҷавоб гардонд.
-Дар Донишгоҳ таҳсил бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Ҳайати профессорону омӯзгорони асосии Донишгоҳ 780 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 405 нафарашон бонувонанд,-ироа намуд М. Гулмуродзода.
Маълум гардид, ки дар соли 2022 21 нафар омӯзгорони Донишгоҳ дар чорабиниҳои сатҳи баналмилалӣ аз қабили конференсияҳо, анҷуманҳо, семинарҳои омӯзишӣ ва хондани лексияҳо ва гузаронидани дарсҳои амалӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ, ба кишварҳои Италия, Швейтсария, Олмон, Австрия, Туркия, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо сафар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 давлати дунё 1949 донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил доранд.