Пас аз танаффуси сесола шурӯъ аз 8 феврали соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор менамояд, - иброз дошт Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр» Абдулқосим Валиев имрӯз дар нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин номбурда гуфт, ки парвозҳо аз пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Урумчии Вилояти Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳафтае як маротиба ба роҳ монда мешаванд. Баъдан шурӯъ аз моҳи марти соли равон дар як ҳафта ду маротиба парвозҳо дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат мегиранд.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» дар соли сипаригардида соли 2022 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо мақсади мукаммал намудани парки ҳавопаймоии ширкат ва рушди инфрасохтори соҳаи авиатсияи мамлакат ду адад ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-800»-ро тариқи лизинги амалиётӣ аз яке аз бонуфузтарин ширкатҳои хориҷӣ — Aviation Capital Group /ACG/ харидорӣ намуд. Дар натиҷа теъдоди ҳавопаймоҳои ширкат зиёд шуда, ба афзоиши шумораи парвозҳо ва иҷрои саривақтии парвозҳои таъйинотӣ мусоидат намуд. Ин ду ҳавопаймо ба номи қаҳрамонони Тоҷикистон — Мирзо Турсунзода ва Нусратулло Махсум гузошта шудаанд, - чунин иброз дошт роҳбари ин ширкати ҳавопаймоӣ.