Бо мақсади дастгирии мизоҷони ватанӣ дар самти боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳ сулоти кишоварзӣ аз 30 % то 90 % ва дар самти мусофирбарии байналмилалӣ дар мавриди хариди пешакии билетҳо вобаста ба муҳлатҳо аз 35 то 45 % сабукиҳо пешниҳод гардида истодаанд. Дар ин бора 1 феврал Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ҳамчунин, дар қатораи мусофирбарии дохилии Душанбе – Кӯлоб нархи роҳкиро бо 60 % сабукӣ муқаррар карда шудааст.
Гуфта шуд, ки аз 16 августи соли 2022 ҳ аракати қатораҳ ои мусофирбарӣ дар хатсайри байналмилалии Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб, аз 27 августи соли 2022 хатсайри байналмилалии Душанбе-Волгоград-Душанбе ва аз 7 сентябри соли 2022 хатсайри байналмилалии Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд ба роҳ монда шуд.