Бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи муштараки ҳамкорӣ оид ба амалӣ намудани фаъолиятҳои «Барномаи усутвории шаҳри Хоруғ» аз ҷониби раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ, Раиси шаҳри Хоруғ ва Котиботи давлатии Шейтсария оид ба масъалаҳои и қтисодӣ (SECO) тасдиқ гардидааст, ки ҳадафи умумии барнома табдил додани шаҳри Хоруғ ба макони бехатару мусоид барои рушди и қтисодӣ дар понздаҳ соли оянда мебошад. Дар ин бора Шарифҷон Ҷумъазода - раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти ҷумҳурӣ 31 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Муҳлати татбиқи лоиҳа аз 1 майи соли 2020 оғоз гардида, анҷоми лоиҳа 30 сентябри соли 2025 ба на қша гирифта шудааст. Маблағгузории он аз ҷониби Агентии Оғохон оид ба макони зист амалӣ мегардад.