Санаи 20-уми январи соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ аз корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф овард.
Дар ин сафар меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсон истиқбол гирифтанд. Дар доираи ин сафар Давлаталӣ Саид нахуст аз Маҷмааи “Дуои Модар”, ки моҳи октябри соли 2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд, дидан намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба модар гулгузорӣ намуданд.
Дар доираи сафари кории худ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба шаҳри бостонии Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон аз Оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Ҳамчуниин, дар доираи кории худ роҳбарияти вилояти Хатлон ба аёдати собиқадорони меҳнат, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва собиқадори соҳаи тандурустӣ Раъно Ғафуроваро аёдат намуданд.
Гуфта шуд, ки заҳмати собиқадори меҳнат, шахсиятҳои хидматнишондода, зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар идомаи сафар, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон аз фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб шинос гардиданд. Баъди суҳбату вохурӣ бо беморон, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар расонидани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дастуру супоришҳои муфид дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки маркази мазкур аз соли соли 1989 ҳамчун Диспансери бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб фаъолият дошта, он дорои 50 кати хоб буда, аз 3 шуъба аз ҷумла, шуъбаи Ишемиявии дил, шӯъбаи ИҶБВ ва шӯъбаи эҳёгарӣ иборат буда, имрӯзҳо ба сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмати хуби тиббӣ мерасонад.
Дар доираи ин сафар ҳамчунин, дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо фаъолону сокинон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб буда, соҳибкорону кишоварзон ва дигар шахсони масъул доир шуд.
Дар мулоқот нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш иброз дошт, ки таърих гувоҳ аст, мардуми сарбаланди Кӯлоб ҳамеша бо далерию шуҷоат, ифтихори баланди ватандорӣ, саховатмандию ободкориашон маъруф гардида, намунаи ибрат мебошанд.
Дар идома таъкид гардид, ки ҷавонмардони шаҳри Кӯлоб дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳимояи сохти Конститутсионӣ ва ҳоло ҳам барои ҳифзи якпорчагии давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ истодагарӣ карда, дар рушду ободонии мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
Барои фаъолияти муташаккилона ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, ки 10 январи соли ҷорӣ доир гардид, шаҳри Кӯлоб ҳамчун шаҳри беҳтарин дар вилоят сазовори ҷойи якум гардид. Тибқи натиҷаи соли 2022 баробари дастовардҳо дар шаҳр баъзе нишониҳандаҳои манфӣ низ ҷой доранд, ки дар соли ҷорӣ бояд бо меҳнати суботкорона ва азму талоши дучанд барои ислоҳи онҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд, -таъкид намуд Давлаталӣ Саид.
Қайд гардид, ки ҳоло мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем ва тибқи нақша, ба истиқболи ин ҷашн дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 462 бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин дар идомаи мулоқот як қатор сокинон ва фаъолони шаҳри Кӯлоб дар назди ҳозирин баромад намуда аз ташаббусу дастгириҳои пайвастаи бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардила ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипосу миннадории хешро баён намуданд. Зикр гардид, ки мардуми ватандӯсти Кӯлоб бо шукргузорӣ аз давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол минбаъд низ дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ ва ваҳдату субот дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро вазифадор кард, ки ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноки нақшаи андозҳо, даромаду хароҷоти буҷет, таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, иҷрои лоиҳаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025, татбиқи лоиҳаҳо, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ, махсусан, сармояи мустақим, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бештар ба соҳаҳои иқтисодиёт равона намудани қарзҳои бонкиро таҳти