Дар оғози Соли Нави 2023 шоираи тоҷик Хосият Вализода, раиси бахши Кӯлобии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, сарвари Ташкилоти Ҷамъиятии "Армуғони сулҳ" бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ - гуманитарӣ ҷиҳати дастгирии бахши "Дипломатияи халқӣ: таҷриба ва дурнамо", ки дар ҳошияи Форуми кушодаи дӯстӣ, дар шаҳри Перми Федератсияи Росия сурат гирифта буд, сарфароз гардонида шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки шоира Хосият Вализода дар самти тарғиби сулҳу оромӣ саъю кӯшиш намуда, нерую шаҳди эъҷоду эъҷози нобашон тароватбахшу таъсиргузор ва руҳафзо ба ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра мебошад.
Хосият Вализода 8 марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи шоири халқӣ ва ҳофизи мардумӣ Саидалӣ Вализода ба дунё омадааст.
Манбаъ: Рӯзномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Кулябская правда»