Давоми 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 ҳазору 246 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои охире, ки моҳи августи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шуд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад. Ҳамчунин маросими мазкур танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода мешавад.
Бо мақсади гузаронидани маросими хатнаи кӯдакон айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар 584 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони ботаҷриба таъмин гардидаанд.
Бояд гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон мебошад.
Манбаъ: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон