Дар ҳошияи рӯйдоди муҳими таърих эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» имрӯз 20 уми декабр дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар роҳпаймоӣ ва ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кормандони касбу кори гуногун ва сокинони шаҳри Бохтар аз ҷумла, ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.
Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, рӯзи 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мояи ифтихору сарфарозии мардуми Тоҷикистон ва кулли тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҷеъ ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббус нишон дода шуда буд, аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон санаи 21 –уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муқаррар карда шудааст.
Лозим ба зикр аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод карда буданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.
Қобили зикр аст, ки қаблан вобаста ба масоили глобалӣ ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Эълон гардидани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, Солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», Эълон шудани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Солҳои 2018-2028-Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд.
Ҳамоиши мазкур, ки ба муносибати пазируфта шудани ташаббусҳои навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бахшида шуда буд, бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, фаъолони ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамоиш имрӯза Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Миралиён Қиёмиддин, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Билоли Ҳикматулло, раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон”и Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон оид ба ташаббусҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили байналмилалӣ ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки пазируфта шудани ташаббусу пешниҳодҳои ояндасози Сарвари давлати мо аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мояи ифтихору сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ, вилояти Хатлон