Дар ҳамоиши ҳизбӣ бахшида ба 28 –солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, фаъолони ташкилоту муассисаҳо Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва омӯзгорону донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав иштирок доштанд.
Дар маросими расмӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ нахуст Фирӯза Шарифӣ, раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, оид ба масири тай намудаи ин нерӯи сиёсӣ ва нақши он дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар ибрози андеша намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар ҲХДТ бо роҳбариву ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои ояндасозӣ дар кишварамон нақши меҳварӣ дорад.
Баъдан, Миралиён Қиёмиддин, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, зимни суханронии хеш аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва марҳилаҳои тайнамудани ҳизб дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар гардида, изҳор дошт, ки идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки фарогири тамоми ҳадафу манфиатҳои ояндасози давлат ва миллат арзёбӣ мегардад, ҳанӯз дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд.
Баъдан, санаи 12-уми июни соли 1993 Кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуд, ки пайравони содиқи Роҳбари давлат ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии дигар кишварҳои пешрафти оламро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае омаданд, ки ҳизби ифдодагари орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад.
Ҳамин тавр, дар арафаи Имзои созишномаи сулҳу Ваҳдати миллӣ рӯзи 25-уми июни соли 1997 Анҷумани 3-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ба номи ин ҳизби сиёсӣ вожаи “демократия” илова карда шуда, он Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном гирифт.
Зикр гардид, ки дар тӯли 28 соли арзи ҳастӣ доштани ин нерӯи бузург бо ташаббуси аъзои фаъоли он дар мамлакатамон, аз ҷумла, вилояти Хатлон корҳои бузурги ободонӣ анҷом дода шудааст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар солҳои охир бо навоварию ташаббусҳои созандааш дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам сатҳи вилоят ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Дар ин давра Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо рӯи кор овардани 28 ташаббуси созанда, аз қабили ба роҳ мондани низоми ҳавасмандгардонии фаъолияти идоракунӣ- “Рейтинги ҳизбӣ”, Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, Амалиёти муштараки “Рӯзи ёдоварӣ”, электроникунонии фаъолият, таъсиси Маҷаллаи илмию таҳлилии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” Амалиётҳои муштарак бо соҳ