Рӯзҳои 14 то 16 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ноширони муваффақи ватаниву хориҷӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди дӯстдорону муштоқон ва аҳли фарҳангу маънӣ мегардонанд. Инчунин намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон китобҳои нависандагону шоирони хешро пешниҳод менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе ба ҳукми анъана даромадааст.