Таҳти чунин унвон дар Душанбе бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва маъракаи солонаи байналмилалии “16 рӯзи амал бар зидди зӯроварии гендерӣ” мизи мудаввар доир гардид.
Дар доираи ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар самти амалисозии лоиҳаи глобалии “Нури рушноӣ” дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбати занону духтарон равона карда шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода қайд намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии ҳуқуқҳои занон, таъмини воқеии баробарии гендерӣ ва пешгирӣ намудани хушунат дар оила заминаҳои зарурии қонунгузорӣ, институтсионалӣ ва ташкилӣ таъмин карда шудаанд. Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2023 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” барои расидан ба ин ҳадафҳо равона шудаанд.
Намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ комёбӣ ва мушкилоти марбут ба зӯроварӣ дар оиларо мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода, ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти мазкур, фаъол гардонидани субъектони пешгирии зӯроварӣ дар оила, андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастгирии ҷабрдидагони зӯроварӣ, зиёд намудани теъдоди нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таҳкими иқтидори онҳо, инчунин иттилоотонии аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила тавсияҳо пешниҳод намуданд.
Манбаъ: Маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон