Санаи 23-юми ноябри соли 2022 бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарону кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, намояндагони ВАО, собиқадорону фаъолони шаҳр ва дигар сокинони касбу кори гуногун иштирок доштанд.
Дар оғози маросими идона меҳмонону иштирокчиён бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар назди пояи Парчами давлатӣ гулчанбар гузоштанд. Баъдан, бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар меҳмонону иштирокчиён роҳпаймоии идона баргузор гардид, ки дар он фаъолону собиқадорони меҳнат ва кормандони касбу кори гуногун бо шиору овезаҳои тараннумгари арзишҳои муқаддаси миллату давлаторӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ аз майдони марказӣ то Қасри Фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими раҳсипор шуданд.
Баъдан, дар толори дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустам Абдураҳимов маросими идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ доир гардид. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр сокинони Кӯлобшаҳри бостониро ба муносибати Рӯзи Парчами давалатӣ муборакбод гуфта, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ аз рамзҳои асосии Истиқлолияти давлат ба ҳисоб меравад.
- Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифкунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмиллалӣ мебошанд».
Зикр гардид, ки Парчами давлатӣ муарифгари тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар яки моромебояд, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ арҷ гузорем. Зеро, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Дар чорабинии имрӯза, ҳамчунин, муовини раиси Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Назрӣ Муҳаммад Валӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Парчами давлатӣ на танҳо муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, балки нишонаи сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагии миллат мебошад. Парчами давлатӣ мардуми Тоҷикистонро дар масири ватансозӣ мутттаҳид намуда, ҳисси худогоҳии мо, ба хусус насли ҷавони Тоҷикистонро бедор месозад.
Чорабини бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб бо шукуҳа шаҳомати хоса идома ёфта, дар ин рӯз инчунин, аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва санъаткорони вилояти Хатлон барномаи театрикунонидашудаи хешро пешкаши меҳмонону иштирокчиёни маросими идона намуданд.
Ҷамолиддин Сайфиддин, Далер Шарифов шаҳри Кӯлоб