23 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бо иштироки ҳунармандони мамлакат барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Барномаи консертӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги мамлакат доир шуда, дар он устодони санъати тоҷик суруду таронаҳои ҷаззобро доир ба мавзӯъҳои Ватан-Модар ва истиқлолияту ҳувияти миллӣ иҷро менамоянд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар муассисаҳои фарҳангии мамлакат ҳамоишҳои илмию оммавӣ, аз қабили суҳбату вохӯриҳо, намоиши китобҳо ва конференсияҳо вобаста ба муаррифии таърихи Парчами миллӣ доир мегарданд.
Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шӯрои Олӣ қабул гардид.
Парчами Тоҷикистон имрӯз дар қатори дигар парчамҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.
Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар ин рӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Аз ҳамон сол инҷониб ин сана дар мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр буда, ҳамон сол баландтарин пояи парчами давлатӣ дар ҷаҳон дониста мешуд ва ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
9 сентябри соли 2011, дар рӯзи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.