16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Боғи фарҳангию фароғатии дар ин макони таърихӣ ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, таҷассуми марҳилаи созандагию ободкорӣ дар кишвар, тӯҳфаи арзанда ба ҷашни фархунда мебошад.
Маркази фарҳангию фароғатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар масоҳати 7 гектар дар асоси лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии “САНИОСП” дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев” бунёд карда шудааст.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмону ободониро коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Бунёди Аҷам” ва “Раҳмониён” анҷом додаанд.
Боғи фарҳангию фароғатии тозабунёд якҷоя бо Қасри таърихӣ, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва ҳудуди ободу мавзеи назаррабо маҷмааи таърихию муосир, макони тамошо, сайру саёҳати сокинону меҳмонони дохилию хориҷӣ гардидааст.
Дар даромадгоҳи асосӣ дарвоза ҳамчун рамзи ворид шудан ба ин макони таърихӣ бо паҳноии 34 метр ва баландии 20 метр сохта шудааст. Дар бунёди дарвоза санги табии травертини конҳои маҳаллӣ истифода ва ба он шукӯҳу зебоии хоса мебахшад .
Аз дарвоза ба самти иншооти асосии боғ - “Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ роҳрави калони ду тарафаш сабзу хуррам бунёд карда шудааст.
Муҷассамаи “Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ таҷассумгари иҷлосияи таърихӣ ҳамчун анҷумани наҷоти миллату давлат, барқарории сулҳу ваҳдат, эҳёи давлатдории навин ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки бо баландии 38,5 метр сохта шудааст. Рамзи кураи замин ва нурпошии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон инъикосгари дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби мақоми хоса гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Дар тасвири китобҳо саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон аз соли 1992 то имрӯз, яъне баргузории иҷлосияи таърихӣ, садоқати фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарзамини аҷдодӣ ва халқ, роҳи тайкардаи То