Имрӯз 16-уми ноябр дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар маросими идона бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент баргузор гардид.
Маросими идона бахшида ба ҷашнҳои фархундаи миллӣ аз раҳпаймоии осоишта оғоз гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва зиёда аз 5 ҳазор нафар кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, донишҷӯёни муасссиаҳои оливу миёнаи касбӣ ва ҷавонону бонувони пешоҳанги шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Меҳмонону иштирокчиёни чорабинии идона бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент бо бардошти шиору овезаҳои тараннумгари Истиқлолият, моҳияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз майдони марказӣ то Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар роҳпаймоӣ намуданд.
Баъдан меҳмонону иштирокчиёни чорабинии идона аз намоиши “Асарҳои мондагори Пешвои муаззами миллат” дидан намуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин варзишгарони вилояти Хатлон дастовардҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардаи худро ба намоиш гузошта буданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар баробари рушду пешрафти соҳаҳои гуногун дар солҳои сулҳу осоиштагӣ дар кишварамон Воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон низ рушд намуда, дар ин давра дар қаламарви вилояти Хатлон даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ таъсис ёфтаанд, ки дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва ғояҳои пешбарандаи ҷомеа саҳми муассир доранд. Зимни боздид аз намоиши рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ зикр гардид, ки кормандони ВАО дар баробари дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз ҷиҳати инъикоси нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти таҷлили ҷашнҳои таърихии кишвар аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми пешоҳангӣ доранд.
Баъди боздид аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногуни вилоят дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамсуҳбат гардида, истеъдодҳои ҷавонро бо маблағ ва Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Сипас, дар толори Қасри Фарҳанги шаҳри Бохтар маросими расмӣ идона бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент оғоз гардид. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиён ва сокинони кишварро ба ҷашнҳои фархундаи 30-юмин солагрди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент муборакбодӣ намуда, аз аҳаммияти бузурги ин санаҳои тақдирсоз ёдовар гардид.
Дар охир барномаи фарҳангии аҳли ҳунар пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ вилояти Хатлон