Бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷоизаи наве барои муҳаққиқони ҷавон дар риштаҳои мухталифи илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, инноватсияву ихтироъкорӣ ва техникаву технология таъсис дода шудааст, иттилоъ медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низомнома ва ҳайати комиссияи ҷоизаи раиси шаҳри Душанберо барои муҳаққиқони ҷавон тасдиқ намуда, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои пардохти маблағи ҷоизаҳои мазкур муваззаф гардидааст.
Сарчашмаи пардохти ҷоизапулӣ аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе дар солҳои 2022-2026» нишон дода шуда, таъкид гардидааст, ки минбаъд ин масъала дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба инобат гирифта шавад.